Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Киев як низомии украинӣ кушта шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилаи Украина гуфт, ки як низомии артиши ин кишвар дар натиҷаи таркише, ки дар Киев рух дод, ҷони худро аз даст дод. Сухангӯи вазорат Артём Шевченко гуфт, ки ин қазия ҳамчун “ҳамлаи террористӣ” арзёбӣ мешавад. Ҳанӯз иттилои зиёд дар даст нест, танҳо гуфта мешавад, ки низомӣ соли 1978 таваллуд шудааст. Аз ин пеш полис гуфт, ки ба унвонии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 8:16 паёме омад, ки мегӯяд, як мошини тамғаи Mercedes дар чорроҳаи ноҳияи Соломянскии шаҳри Киев таркид ва дар дохили мошин марде ба ҳалокат расид. Нашрияи “Украинская правда” навишт, ки марди ҳалокшуда Максим Шаповал, як фармондеҳи нирӯҳои вижаи сарраёсати иттилооти вазорати дифоъ буд.

XS
SM
MD
LG