Дар Албания рӯзи 25-уми июн интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд ва дар он ду ҳизби умдаи сиёсӣ барои курсиҳои порлумон рақобат доранд. Интихобот замоне сурат мегирад, ки қарор аст, Албания музокирот барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро шурӯъ кунад.
Ҳизби Сотсиалисти ҳоким бар Албания ва Ҳизби демократ, ҳизби мухолиф дар ин кишвари тақрибан 3 миллион нафарӣ ва узви НАТО талош доранд, курсиҳои бештарро дар порлумон аз они худ кунанд.
Албанияро соли 2014 номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо қабул карданд, вале ба сабаби ислоҳоти кам аз ҷумла аз тарафи онҳое, ки дар интихобот ширкат доранд, пешрафт дар заминаи узвият ҳосил нашудааст.
Ҳизби демократ хоста буд, ки барои шафофу одилона сурат гирифтани интихобот, нахуствазири сотсиалисти Албания аз мақомаш истеъфо диҳад, дар акси ҳол аз ширкат дар интихобот даст мекашад.
Аммо баъди миёнҷигарии Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ва фароҳам шудани шароити беҳтар барои назорати интихобот аз тарафи мухолифон, Ҳизби демократ аз талабаш даст кашид ва гуфт, ки дар интихобот ширкат мекунад.