Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо хостори танзими "идгардак"-и кӯдакон шуд. САДО


Саидмукаррам Абдулқодирзода

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як муроҷиати расмӣ ба мардум таҳияи дастархони бодабдаба ва “идгардак” ё гаштугузори кӯдакон дар рӯзи Иди Фитрро “хилоф бо шариат ва мазҳаби ҳанафӣ” донистааст. Аъзои ин шӯро хостаанд, ки дар рӯзи ид мардум фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

“Ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”?

Ин ягона ниҳоди содиркунандаи фатво иддао дорад, ки “идгардак”-и кӯдакон аз як тараф боис ба ташвиши мардум шуда, аз тарафи дигар “ба амният ва саломати онҳо хатар дорад”. Шӯрои уламо дар муроҷиати расмиаш гуфтааст, “чунин амал дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад.”

Дар идҳои гузашта шоҳид будам, ки чанд садама рух дод ва ба мардум рӯзи вазнин овард. Гуфтем, ки ба танзим дароварда шавад. Кӯдакон зери назорат бошанд.

“Мухолиф нестем, вале...”

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, рӯзи 24-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин муроҷиат манъи “идгардак” ё ороиши дастархон нест, балки мехоҳанд, ҳамин маърака ба танзим дароварда шавад. Ӯ гуфт, “дар идҳои гузашта шоҳид будам, ки чанд садама рух дод ва ба мардум рӯзи вазнин овард. Гуфтем, ки ба танзим дароварда шавад. Кӯдакон зери назорат бошанд. Вагарна як рӯзи хурсандии кӯдакон аст.”

Оқои Абдулқодирзода гуфт, инчунин, аз мардум хостаанд, ки аз таҳияи дастархони бодабдаба худдорӣ намоянд. “Ҳангоми оростани дастархони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Оростани дастархони пурдабдабаи идона барои соҳибхона боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарз ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад. Ба ин шакл таҷлил намудани Иди сайиди Фитр дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ умуман ба мушоҳида намерасад”, - гуфт ӯ.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Идгардак мешавад ё намешавад? Дастархон бошад ё не?

Аз ин пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба таҳияи дастархони хоксорона дар рӯзи ид даъват кард. Ӯ расман дастур дод, ки мардум барои оростани дастархони идона хароҷоти зиёд накунанд. Ҳам президент ва ҳам Шӯрои уламо бештар ба кумаки дармондаҳо даъват кардаанд.

Иди Фитр ё Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн фаро мерасад. Як сокини ноҳияи Варзоб гуфт, имсол ҳайрон мондаанд, ки оё барои таҳияи дастархони идона ширинӣ ва кӯлчаву фатир омода кунанд, ё на. “Баъзеҳо мегӯянд, ки шояд мақомот омада дастархонҳоро бинанд. Агар ҳисоб кунанд, ки дастархонатон бодабдаба аст, ҷарима хоҳанд кард? Рости гап, дар тарс мондем, ки дастархон биороем ё не”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

Мавқеи тарафдорону мухолифон

Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ҳар хонавода аз субҳи содиқ дастархони худро ороста, дарҳоро боз мегузорад ва ҳар нафари омадаро бо ғизои гарму шириниҳои дастпӯхт зиёфат медиҳад. Бархе ҳисоб кардаанд, ки дар рӯзи ид ҳар дастархони идона на камтар аз 5 навъи хӯришу шириниҳои дастпӯхтро бо иловаи ғизои гарм пешниҳод мекунад.

Сафармоҳ Тешаева, як сокини Душанбе мегӯяд, шунидани даъвати оростани дастархони хоксорона рӯҳияи хонаводи ӯро болида кард ва ӯ ният дорад, “бидуни андеша аз ҳамсояву айби меҳмонҳо” аз рӯи тавонаш зиёфат орояд. Дар миёни онҳое, ки ин даъватҳоро мешунаванд, онҳое ҳам кам нестанд, ки сӯҳбатҳо дар ин мавзӯъро зиёдаравӣ ва дахолати бештар ба зиндагии хусусии мардум меноманд. Ин бахши сокинон мегӯянд, тарзи таҷлили ид ва ё оростани дастархон корест, ки танҳо марбут ба хонаводаҳо аст ва нашояд, намояндагони давлат то чунин ҷузъиёт дахолат кунанд.

Имсол кӯдакон “идӣ” хоҳанд хост?

Иди Рамазон, яке аз ду иди мусалмонист, ки бино ба тақвими Тоҷикистон истироҳати расмист. Дар ин рӯз сокинон ба хонаи якдигар рафта ва ба дармондаҳо дасти кумак дароз мекунанд. Аммо шодии ин ид пеш аз ҳама насиби кӯдакон аст, ки ба қавле, ҳанӯз чашми рӯз накафида ба пушти дари ҳамсояҳо ва хешовандони наздики худ рафта, ҳадя мегиранд. Имсол маълум нест, ки оё падару модар ҷуръат хоҳанд кард, ки фарзандони кӯчаки худро ба “идгардак” мефиристанд, ё не.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG