Беш аз ду ҳазор зодаи СНГ ё кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳузур ё таҷрубаи ҷанг дар низои кишварҳои бегона таҳти ҷустуҷӯанд. Андрей Новиков, раҳбари Маркази зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 23-юми июн дар ин бора дар нишасти ду кумитаи Шӯрои амнияти Созмони Милал суҳбат кардааст.
Бино ба хабари ТАСС, ӯ гуфтааст, дар маҷмуъ беш аз ҳафт ҳазор зодаи кишварҳои СНГ барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кофтукобанд. "Махсус зикр мекунам, аз ин теъдод беш аз ду ҳазори онҳо зархаридоне ҳастанд, ки дар ҳайати гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва созмонҳои террористӣ дар ҷангҳои бегона дар кишвари севум иштирок кардаанд", - гуфтаст Новиков.
Раҳбари Маркази зиддитеррористии СНГ дар идомаи суханрониаш афзудааст, бино ба иттилои онҳо ин афрод асосан аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистону Узбакистон иборат буда, баъди иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия талоши бозгашт ба ҳудуди кишварҳои Муштарак-ул-манофеъро доранд. "Аз ҷумла, барои тақвияти ячейка ё созмонҳои ибтидоӣ дар Қафқози Шимолӣ, Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ", - гуфтааст ӯ.
Андрей Новиков мегӯяд, соли гузашта дар натиҷаи мубодилаи иттилоъ миёни кишварҳои ИДМ тақрибан 30 нафаре, ки ба гумони даст доштан дар амалиёти террористӣ дар ҷустуҷӯ буданд, дастгир шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта гуфта буданд, ки ба ҳисоби онҳо, беш аз 1100 сокини кишвар барои иштирок дар ҷангҳои бегона ба Ироқу Сурия рафтаанд. Ба қавли мақомот аз ин теъдод хабари кушта шудани 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Тоҷикистон ваъда додааст, агар ҷангҷӯён бо хоҳиши худ баргашта ва изҳори пушаймонӣ кунанду собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. То кунун чанд нафар аз ин имконият баҳравар шудаанд. Аммо дар баробари ин теъдоде ҳам барои узвият ё ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ гардиданд.