Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл мулоқот бо ёвари Котиби давлатии Амрикоро лағв кард


Ёвари Котиби давлатии Амрико Томас Шэннон
Ёвари Котиби давлатии Амрико Томас Шэннон

Кремл мулоқоти ёвари котиби давлатии ИМА Томас Шэннон бо ноиби вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябковро лағв кард.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 21-уми июн бо иқтибос аз изҳороти Сергей Рябков гуфт, лағви мулоқот посух ба даври нави таҳримҳои Амрико алайҳи Русия аст. Қарори таҳримҳои навро Вашингтон рӯзи 20-уми июн эълон кард.

Таҳримҳои густардаи Амрико дар робита ба амалкардҳои Маскав дар Украина, 38 шаҳрванд ва ширкатҳои Русияро фаро мегирад.

Рябков рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “авзоъ барои баргузории муколама, ки бояд 23 июн дар Санкт-Петербург баргузор мешуд, мусоид нест.” Пештар аз ин, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки таҳримҳои нав созанда нестанд ва барои “иқдомоти ҷавобӣ” гузинаҳои мухталиф баррасӣ мешаванд.

Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Ҳизер Нойерт рӯзи 8-уми июн гуфта буд, ки музокироти Шэннон бо Рябков бар сари “нуқоти таҳрикомез” дар равобти дипломатии Маскаву Вашингтон тамаркуз мекунад. Қарор буд, Рябков дар ин мулоқот масъалаи моликияти дипломатии Русияро матраҳ кунад, ки таҳти таҳрим қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG