Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои ИМА бесарнишини сохти Эронро дар Сурия суқут дод


Зиреҳпӯше дар қисмати ғарбии Раққа. Рӯзи 18-уми июни соли 2017
Зиреҳпӯше дар қисмати ғарбии Раққа. Рӯзи 18-уми июни соли 2017

Эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои бесарнишини зарбазани нерӯҳои давлатии Сурияро суқут додааст. Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймои бесарнишин ба самти пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар ҷануби шарқи Сурия ва наздикии марзи Ироқ парвоз мекард.

Дар изҳороти фармондеҳии Амрико гуфта мешавад, бесарнишин замоне суқут дода шуд, ки “майли ҳамла ба нерӯҳои эътилоф”-ро дошт.

Қазия дар “наздикӣ”-и ноҳияе ба амал омад, ки рӯзи 8-уми июн як бесарнишини дигари нерӯҳои тарафдори давлати Сурия низ дар онҷо сарозер шуд. Вале он то ҳадаф қарор гирифтанаш ба наздикии пойгоҳи нерӯҳои эътилоф бомбаҳо партофт.

Гуфта мешавад, ин саршининҳо тавлиди Эронанд, ки чанд сол пеш як ҳавопаймои ҳамсони Амрикоро суқут дод ва бо истифода аз он ба технологияи истеҳсоли бесарнишинҳо даст ёфт.

XS
SM
MD
LG