Як шаҳрванди Эрон, ки дар Тоҷикистон дар муноқишае маҷрӯҳ шудааст, иддао дорад, ки муроҷиати ӯ ва ҳамсараш барои ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкорро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба эътибор намегиранд. Акбар Қаҳрамонихоҳи 49-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи латукӯб чашми росташ нобино шудааст.
Акбар Қаҳрамонихоҳ, ки 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад ва ба тиҷорат машғул аст, рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса рӯзи 11 июн дар ноҳияи Ваҳдат рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, тоҷири тоҷик ва шарики кориаш Кишваршоҳ Маҳмадов онҳоро барои як муомилаи иқтисодӣ ба ин ноҳия барои зиёфате дар дараи Ромит даъват кард.
Дар ҷараёни ин зиёфат, ба қавли Қаҳрамонихоҳ, моҷаро бархост ва яке аз ҳамроҳонаш ба ӯ дарафтод. Шаҳрванди Эрон, ки ҳоло дар шифохонаи Қарияи Боло дар Душанбе муолиҷа мегирад, мегӯяд, ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард, вале то ҳанӯз, ба гуфтаи ӯ, “гунаҳкорон дар озодӣ ҳастанд”.
“Ман дар ниҳоят нафаҳмидам, ки сабаби ин кор чӣ аст. Ман ба пулис ҳам дирӯз гуфтам, ки «шумо биравед, чораашонро бубинед»: чаро маро заданд, чаро онҳоро то кунун боздошт накардаанд?” -гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ
Сарвиноз Насриддинова, ҳамсари ин шаҳрванди Эрон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ҳодиса аз ҷумла ба додситонӣ ва вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардааст, то ба қазия расидагӣ кунанд. Сарвиноз Насриддинова афзуд, ки агар ҳамлагарон «ҳадди аққал омада маъзарат мехостанд», шояд кор то шикоят ба мақомоти милиса намерафт.
Соҳибкори тоҷик Кишваршоҳ Маҳмадов, ки рӯзи 11 июн шоҳиди муноқишаи шаҳрванди Эрон бо шарики тоҷикаш будааст, мегӯяд, ҳодиса як «ҷанҷоли маишист, ки ба сабаби мастии ду тараф рух додааст».
Дар дасти он бача як табақ буд, Акбар хост он писарро боз бизанад, Акбар табақро ба сӯяш партофт ва тасодуфан ба чашмаш расид ва хун паридан гирифт.
Маҳмадов рӯзи 19-уми июн дар сӯҳбати муфассали телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ рӯзи 11 июн дар минтақаи Зайрони дараи Ромит зиёфат оростанд ва мехостанд, ҳамкориҳо бо ин соҳибкори эрониро баррасӣ кунанд. Ӯ гуфт, бо Қаҳрамонихоҳ солҳои пеш ҳамкориҳои тиҷоратӣ доштааст ва онҳо аз қабл ҳамдигарро мешинохтанд. Дар зиёфати рӯзи 11 июн онҳо чанд нафар буданд ва шаҳрванди Эрон бо яке аз онҳо Маҳмадюсуф Маҳмадов вориди муноқиша шудааст.
Ба гуфтаи Кишваршоҳ Маҳмадов гуфт, ки Қаҳрамонихоҳ ва Маҳмадюсуф Маҳмадов сархуш шуда ва ба дашноми ҳамдигар шурӯъ карданд. Бар хилофи иддаои шаҳрванди Эрон, Кишваршоҳ Маҳмадов мегӯяд, ки Акбари Қаҳрамонихоҳ аввал ба Маҳмадюсуф Маҳмадов дарафтод ва бо як зарб ҷоғи ӯро шикаст.
“Дар дасти он бача як табақ буд, Акбар хост он писарро боз бизанад, Акбар табақро ба сӯяш партофт ва тасодуфан ба чашмаш расид ва хун паридан гирифт” - гуфт, Кишваршоҳ Маҳмадов.
Ба гуфтаи Кишваршоҳ Маҳмадов, айни замон Маҳмадюсуф Маҳмадов ҳам дар шифохона дар шаҳри Ваҳдат муолиҷа мегирад. Кишваршоҳ Маҳмадов гуфт, баъди муноқиша ҳарду тарафро ба оштӣ даъват кард ва хост, ки аз ҳамдигар узр бихоҳанду “аз пайи корашон шаванд.”
Аммо Акбари Қаҳрамонихоҳ гуфт, иддаои Кишваршоҳ Маҳмадов дар бораи ҷанҷоли маишӣ дуруст нест ва ҳангоми зиёфат маст набуд. "Ин дурӯғ аст, эрониҳо аз тарси сафорати Эрон арақ наменӯшанд, ман маст набудам, дар феҳрасте ончӣ ки ман аз Ашан харидам, бубинед, ягон чизе, ки спирт дорад, нест."
Ба гуфтаи ӯ, иддао дар бораи шикастани ҷоғи Маҳмадюсуф Маҳмадов ҳам дурӯғ аст ва аз 5 нафаре, ки бо ӯ буданд, касе осеб надидааст. Акбари Қаҳрамонихоҳ афзуд, "агар ман ҷоғи ӯро мешикастам, чаро аз рӯи ман ба мақомоти интизомӣ шикоят накарданд ва ҳамаро пинҳон медоранд."
Дар Тоҷикистон ҷанҷол дар ҳолати мастӣ ба инобат гирифта мешавад ва умдатан дар сурати сабук будани қонуншиканӣ тарафҳо ҷазои сахт намегиранд.
Ба гуфтаи Кишваршоҳ ва ҳам шаҳрванди Эрон, баъди ҳодиса нозири минтақавии милиса ба ҷойи ҳодиса омада ҷузъиёти ин моҷароро сабт кардааст. Дафтари матбуоти вазорати умри дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси санадҳои нозири минтақавии ноҳияи Ваҳдат, санҷиши ҳодиса идома дорад.
Ба гуфтаи Сарвиноз Насриддинова, ҳамсари шаҳрванди Эрон, намояндагони сафорати ин кишвар баъди аёдати Акбари Қаҳрамонихоҳ ваъда доданд, ки қазияро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузоранд.
Муноқиша байни шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла занозанӣ бо коргарони Чин дар гузашта аҳёнан мушоҳида шудааст, вале бори аввал аст, ки хабаре дар бораи ҷанҷолу занозанӣ бо шаҳрванди Эрон нашр мешавад.