Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби эъдоми 31 нафар барои қатли Ҳишом Баракот


Додгоҳи ҷиноӣ дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, рӯзи 17-уми июн хостори эъдоми 31 нафар шуд, ки дар қатли Ҳишом Баракот, додситони собиқи ин кишвар муттаҳаманд.

Интизор меравад, ҳукми ниҳоӣ дар ин маврид рӯзи 22 июли имсол содир шавад.

Ҳишом Баракот тобистони соли 2015 дар инфиҷори як мошини бомбгузоришуда ҷон бохт. Миср “Ихвонулмуслимин” ва ҷангҷӯёни гуруҳи “Ҳамос”-ро, ки марказаш дар Ғазза аст, ба хотири ин ҳамла айбдор кард. Аммо ҳардуи гурӯҳ ин иддаоро рад намудаанд.

Ҳишом Баракот аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Абдуфаттоҳ Сисӣ буд, ки баъди ду соли ба қудрат расидани ӯ кушта шуд. Оқои Сисӣ соли 2013, баъди сарнагунии раиси ҷумҳури мунтахаби Миср Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат расид.

XS
SM
MD
LG