Пайвандҳои дастрасӣ

Нафаре, ки гуфта буд Тоҷикистон ба ҷуз сохтани “Роғун” илоҷе надорад, даргузашт


Нурулло Шулашов

Нурулло Шулашов, собиқ раиси кулли нирӯгоҳи барқи обии “Роғун”, даргузаштааст. Акмал Шулашов – писари Нурулло Шулашов – рӯзи 17-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш тақрибан ду моҳ пеш бар асари сактаи қалбӣ даргузашт ва дар зодгоҳаш шаҳри Норак ба хок супурда шуд.

Нурулло Шулашов 71 сол умр дошт. Ҳарчанд аз марги раиси пешини “Роғун” тақрибан ду моҳ гузаштааст, ин хабар тоза тавассути наздиконаш ба мо расид.

Шулашов дар фосилаи солҳои 2008 то оғози соли 2012 раҳбари кулли нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” буд ва бо сабаби баромадан ба нафақа аз ин мақомаш барканор шуд.

Собиқ раиси кулли нирӯгоҳи “Роғун” дар суҳбати як соли қабл бо Радиои Озодӣ гуфта буд, баъди озод шудан аз кор, барояш 400 сомонӣ нафақа муқаррар шуд, ки арзандаи як мутахассиси 48 сол дар ин соҳа коркарда нест ва ӯ аз гирифтани ин нафақа даст кашидааст.

Шулашов дар ин сӯҳбат, инчунин, гуфт, Тоҷикистон илоҷ ё роҳи дигаре ба ҷуз аз сохтмони “Роғун” надорад, чун ба гуфтаи ӯ, “ояндаи кулли иқтисоди кишвар ба таври мустақим ба сарнавишти ин нирӯгоҳи азим бастагӣ мегирад”.

Охири соли 2014 номзадии Нурулло Шулашов барои иштирок дар интихоботи порлумонии соли 2015 аз тарафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Навори суҳбат бо Нурулло Шулашов. Моҳи сентябри 2016:

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG