Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз воридоти 300 тонна маҳсулоти Эрон ба Тоҷикистон


Маъмурони гумруки Тоҷикистон аз воридоти беш аз 300 тонна маҳсулоти Эрон, аз ҷумла чою ҳалво ва қолину либос, ба кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук рӯзи 14-уми июн гуфт, ки соҳибкор О.М. “бидуни назорати гумрукӣ” ва “пинҳонӣ” қасд доштааст, ин молҳоро ба кишвар ворид кунад. Ба қавли манбаъ, “О.М. бо истифода аз номи ширкати “Тозагии савдо” вориди Эрон шуда, аз онҷо ғайриқонунӣ маҳсулот овардааст.”

Арзиши ин маҳсулоти мусодирашуда дар дидбонгоҳи гумрукии “Регар” беш аз 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Пешгирӣ аз воридоти ин молу маҳсулоти истеҳсоли Эрон дар ҳолест, ки ду сол боз муносибати Тоҷикистон бо ин кишвар ба мушкил печидааст. Тоҷикистон соли гузашта воридоти бархе аз маҳсулот аз ин кишварро расман манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG