Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Мюнхен чаҳор нафар, бо шумули ходими пулис захм бардошт


Макони тирпарронӣ дар Мюнхен.13 июни соли 2017
Макони тирпарронӣ дар Мюнхен.13 июни соли 2017

Рӯзи 13-уми июн дар натиҷаи тирпарронӣ дар канораҳои шаҳри Мюнхени Олмон як ходими пулис, худи ҳамлагар ва ду нафари дигар захм бардоштанд. Вазъи ходими пулис бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти пешакӣ сокини 37-солаи Мюнхен дар қатори байнишаҳрӣ ҷанҷол бардошт ва мусофирон маҷбур шуданд, пулисро даъват кунанд. Вақте қатор дар истгоҳи Унтерфёринг манъ шуд, ходимони пулис барои тафтиши санади мусофири ҷанҷолӣ омаданд.

Аммо ин мард таппончаи яке аз ходимони пулисро, ки зан буд, рабуда ва бо он ба сӯи пулиси дуюм шиллик кард. Марди ҳамлагар, ки ӯ низ захм бардоштааст, боздошт шуд. Пулис мегӯяд, ки вазъ таҳти назорат аст ва ҳеҷ хатаре ба мардум таҳдид намекунад.

Фарзияи амали террористӣ будани ин ҳамла лағв шуд.

Ҳудудан як соли пеш дар истгоҳи Грефинги канораҳои Мюнхен як марди 27-сола аз силоҳ бетартибона оташ кушода, як нафарро кушт ва се нафари дигарро захмӣ кард. Ҳамлагар номукаллаф эълон шуд ва ӯро ба ҷавобгарӣ ҳам накашиданд.

XS
SM
MD
LG