Пайвандҳои дастрасӣ

"Фергана.ру" ҳамкорӣ бо Бобоқуловро муваққатан қатъ кард


Даниил Кислов - бунёдгузори Фарғона.ру

Сомонаи "Фергана.ру" эълом дошт, ки ҳамкорӣ бо хабарнигораш дар Қирғизистон Улуғбек Бобоқуловро муваққатан қатъ мекунад.

Масъулони ин сомонаи хабарӣ мегӯянд, азбаски алайҳ хабарнигор Улуғбек Бобоқулов парванда боз шудааст ва идомаи ҳамкорӣ метавонад, фишор ба додгоҳ шумурда шавад, нашри матолиби журналист дар сомона муваққатан қатъ мешавад ва дар ивази ӯ дар Қирғизистон корманди нав ба кор шурӯъ мекунад.

Сардабири сомона Даниил Кислов маҳдуд шудани дастрасӣ ба "Фергана.ру" дар Қирғизистон ва оғози парванда зидди Бобоқуловро монеагузорӣ ба кори расонаҳои хабарӣ номид. «Ин нишон медиҳад, ки зидди нашрияи мо ва кормандони он ҷанг эълон шуда, маъракаи дасиса ва бадномкунӣ пеш бурда мешавад,» навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, аз 10 июни соли равон Фергана.ру" дар Қирғизистон бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек баста шуда, сомона танҳо дар бархе аз намудҳои телефон боз мешавад.

Ёдрас мешавем, раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон зидди журналист Улуғбек Бобоқулов парванда боз карда, гуфтааст, ки бино бар ташхиси забоншиносӣ ва политологӣ, «дар мақолаи ӯ даъват ба ангехтани хусумати байниқавмӣ, паст задани шарафи миллӣ» ёфт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG