Пайвандҳои дастрасӣ

Тереза Мэй гуфт, “чизи муҳим бо ҳам сохтани ҳукумат аст"


Тереза Мэй

Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё гуфт, ки дар талош барои ташкили ҳукумат бо ҳизби демократии иттиҳодгарои Ирландияи Шимолӣ кор хоҳад кард.

Ҳизби муҳофизакори Тереза Мэй дар интихоботи Бритониё аксариятро дар порлумони ин кишвар аз даст дод. Тереза Мей рӯзи 9-уми июн, баъди дидор бо малика Элизабети дувум ва касби иҷозаи вай барои ташкили ҳукумат, гуфт, “чизи муҳим бо ҳам сохтани ҳукумат аст. Мо ҳукумате месозем, ки ба манфиати миллии кишвари мо бошад. Зеро бо чолиши музокироти Брекзит рӯбарӯ ҳастем. Пас, муҳим аст, ҳукумате дошта бошем, ки битавонад ин музокиротро пеш барад. Ин корест, ки ман мекунам.”

Тереза Мей, ки ҳудуди 2 моҳ қабл хостори баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлат шуда буд, интизор дошт, аксарияти қобили таваҷҷуҳро дар порлумон ба даст оварда, дар амалӣ кардани барномаҳои худ, аз ҷумла раванди хуруҷи кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, бо мухолифат ва вокунишҳои камтаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Музокироти Брекзит ё хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми июни имсол оғоз мегардад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG