Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти 7 ширкати мусофирбарӣ дар Душанбе


Корхонаи давлатии "Душанбенақлиётхадамотрасон" ба далели ҷавобгӯ набудан ба талабот фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар пойтахти Тоҷикистонро боздоштааст. Як манбаъ аз ин корхона рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "фаъолияти ин ширкатҳо бинобар ҷавобгӯ набудани хизматрасониашон ба мусофирон қатъ карда шудааст", аммо аз эълони сабабҳои дақиқи ин амр худдорӣ кард.

Ба иттилои ин манбаъ, танҳо дар 3 моҳи аввали ҷорӣ воситаҳои нақлиёти мусофирбарии корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётие, ки бо муассисаи мазкур шартномаи ҳамкорӣ доранд, дар маҷмӯъ беш аз 42 миллион мусофир кашонда шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 автобуси нави воридшуда аз Туркия, 250 автобусу троллейбусҳои қадимӣ ва ду ҳазор микроавтобуси хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ин манбаъ афзуд, ки қатъи фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар таъмини хадамоти нақлиёти ҷамъиятии шаҳр таъсири ҷиддие нахоҳад гузошт, зеро соҳибони микроавтобусҳо бо ширкатҳои дигари дорои иҷозатнома шартнома мебанданд ва хидматрасонии худро идома медиҳанд. Вай афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон, масири ҳаракати бархе аз микроавтобусҳову нақлиёти дигари ҷамъиятӣ тағйир дода шудааст.

XS
SM
MD
LG