Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани гуштигир аз Қирғизистон яке аз беҳтаринҳо эълон шуд


Айсулу Тинибекова
Айсулу Тинибекова

Созмони Ҷаҳони муттаҳидаи варзиши навъи гуштӣ (United World Wrestling) раддабандии нави беҳтарин вазиршгарони ҷаҳонро мунташир кард.

Бар поияи ин раддабандӣ варзишгари Қирғизистон Ойсулуу Тинибекова, ки моҳи май Қаҳрамони Осиё шуд ва дар Бозиҳои кишварҳои мусалмон дар Боку ҷойи аввалро гирифт, дар вазни 58 кг як зина боло рафт ва ба ҷойи 4 баромад.

Мақоми аввал дар ин раддбандӣ ҳамоно насиби қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон Каорӣ Ичо (Ҷопон) аст ва варзишкори африқоӣ Марво Амрӣ аз Тунис як зина боло рафта, ҷойи дувумро соҳиб гашт.

XS
SM
MD
LG