Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 31 ҳазор "ХL"-и қочоқӣ дар Исфара


Хадамоти гумруки Тоҷикистон нисбат ба як сокини 23-солаи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бо иттиҳоми воридоти ғайриқонунии нӯшокии тавонбахши "ХL"-и истеҳсоли Лаҳистон (Полша) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар дафтари матбуоти Хадамоти гумрук гуфтанд, аз хонаи шаҳрванд С.О. беш аз 31 ҳазор дона "XL" мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, "сокини Исфара бо маслиҳат бо як шаҳрванди Қирғизистон ин борро тавассути ду мошини борбари тамғаи "Мерседес- Бенс Спринтер" ғайриқонунӣ ба хоки Тоҷикистон ворид кардааст. Арзиши умумии маҳсулоти воридшуда 168 ҳазору 480 сомонӣ ҳисоб мешавад.

Ҳоло парвандаи ин ҷавонро, ки бо моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “контарбанда” (қочоқ) боз шудааст, додситонии вилояти Суғд тафтиш дорад. Ин моддаи қонун то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

"ХL", як нӯшокии қувватбахш аст, ки дар Тоҷикистон серхаридор аст. Қимати он дар фурӯшгоҳҳои кишвар аз 7 то 11 сомонист.

XS
SM
MD
LG