Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштшудаҳои теракти Лондонро раҳо карданд


Пулиси Бритониё хабар дод, ки 12 гумонбари боздоштшударо дар робита ба теракти Лондон бе эълони айб, раҳо кардааст. Ҳамаи онҳо низ ҳамроҳ бо ду ҳамлагаре, ки пештар аз ин тафтишот исмашонро эълон кард, дар ноҳияи Баркинги Лондон истиқомат мекарданд.

Бино бар иттилои пулиси Бритониё, дар ҳамлаи 3 июн Хуррам Шаҳзод Бати 27-сола ва Рашид Ризвони 30-сола даст доштанд. Номи ҳамлагари севум то кунун эълон нашудааст. Батт - зодаи Покистон, ки шаҳрвандии Бритониёро дошт, дар мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Редуэйн (ки худро Рашид Элдар меномид), ҳамзамон ҳам шаҳрванди Ливия ва ҳам шаҳрванди Марокаш буд.

Бино бар иттилои телевизиони Sky News-и Бритониё, дар бордони мошине, ки дар ҳамла истифода шуд, даҳҳо зарфи дорои моеъи оташгиранда ошкор шудааст. Дар ҳоли ҳозир моеъи ошкоршуда ташхис мешавад.

3 июн дар болои пули Лондон мошини борбар ба қисмати роҳи пиёдагардон баромада, одамонро пахш кард. Баъдан се мард аз мошин пиёда шуда, бо корд ба роҳгузарон ҳамла карданд. Ҳамлагарон аз сӯи пулис кушта шуданд. Дар натиҷаи ҳамла ҳафт нафар қурбон ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба зима гирифт.

XS
SM
MD
LG