Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёти ниҳоӣ барои озодии Раққа ба зудӣ сар мешавад"


Нирӯҳои арабу курд бо пуштибонии Амрико амалиёти озодсозии шаҳри Раққаи Сурия аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро оғоз мекунанд. Сиҳан Шайх Аҳмад, сухангӯи нирӯҳои демократии Сурия, рӯзи 3 июн гуфт, ин амалиёт "ба зудӣ" шурӯъ мешавад. Шаҳри Раққа дар шимоли дарёи Фурот ва дар 90-километрии марзи Туркия воқеъ аст.

Ин хабар дар ҳоле мерасад, ки нирӯҳои Ироқ бо ҳимояти Амрико барои пурра озод кардани Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ҳадаф наздик шудаанд.

Ҷангҷӯёни ДИИШ дар соли 2014 минтақаҳои васеи Ироқу Сурия тасарруф карданд.

Нирӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико дар ҷанг алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия ба пешрафтҳои чашмрас ноил шудааст. Нурӣ Маҳмуд, намояндаи Воҳидҳои муҳофизат аз курдҳои Сурия ба хабаргузории "Ройтерс" гуфт, ки "нирӯҳо атрофи шаҳрро иҳота кардаанд ва мубориза рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд."

Намояндаи эътилофи ба раҳбарии Амрико полковник Райан Диллон ҳарчанд санаи дақиқи амалиётро нагуфт, вале таъкид кард, ки нирӯҳои демократии Сурия ҳар рӯз ба ҳадаф наздиктар мешаванд ва ҳоло дар тақрибан 3-километрии Раққа қарор доранд.

Бино ба гуфтаи масъулони эътилоф дар Раққа аз 3 то 4 ҳазор ҷангҷӯ ҳузур доранд. Нурӣ Маҳмуд ҳам гуфт, ки "мубориза осон нахоҳад буд". "Чун гурӯҳи "Давлати исломӣ" нақбу мина, террористони маргталаб ва мошинҳои бомбгузоришуда дорад ва бар илова сокинонро низ ба ҳайси сипари зинда истифода мекунад", - афзуд ӯ.

Дар Сурия шаш сол боз ҷанги дохилӣ идома дорад. Русияву Эрон аз режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳимоят мекунанд ва Амрикову Туркия аз гурӯҳҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонӣ доранд.

XS
SM
MD
LG