Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди "маст" дар Русия 8 касро паррондааст


Мақомоти Русия мардеро дастгир карданд, ки ба қатли нӯҳ нафар муттаҳам аст. Муфаттишон рӯзи 4-уми июн гуфтанд, марди гумонбар дар шабнишинии 3-юми июн дар маҳаллаи Редкино, 110-киломтерии шимоли ғарби шаҳри Маскав, нуҳ зану мардро паррондааст. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ин ҳодиса баъди он рух дод, ки иштирокдорони шабнишинӣ маст шуда, бо ҳам муноқиша карданд. "Марди гумонбар бо туфанги шикорӣ ба шабнишинӣ баргашта ва ин ҳодиса иттифоқ афтодааст",-гуфтанд дар ин кумита. Ин сокини 43-солаи Маскав дар вақти ҳодиса "маст будааст".

XS
SM
MD
LG