Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Бритониё гуфт, "дигар бас аст"


Тереза Мей зимни суханронӣ дар рӯзи 4-уми июн
Тереза Мей зимни суханронӣ дар рӯзи 4-уми июн

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё гуфт, дар масъалаи мубориза бо терроризм акнун фурсати он расидааст, ки “бигӯем, дигар бас аст.” Баъди ҳамлаи террористии шаби 3-уми июн дар Лондон, Тереза Мей рӯзи 4-уми июн гуфт, “Мо наметавонем ва набояд иҷоза бидиҳем, ки вазъ ба ин шакл идома кунад.”

Дар он се нафар мошини мусофирбари хурдеро дар болои пули Лондон ба рӯи раҳгузарон ронданд ва баъдан ба мизоҷони ресторанҳо дар яке аз маҳаллаҳои наздик бо корд ҳамла карданд. Маъмурони пулис ҳарсеро куштанд.

Нахуствазири Бритониё дар як суханронии телевизионӣ гуфт, се нафар камарбарандҳои таркандаи дурӯғин баста буданд, то дар байни мардум тарсу ваҳшат барангезанд. Аксари ҳизбҳои сиёсии Бритониё, таблиғоти интихоботиро муттавақиф карданд, вале Тереза Мей гуфт, ки интихобот рӯзи таъйиншуда ва 8-уми июн баргузор мешавад.

Ӯ гуфт, “Ҳеҷ гоҳ набояд иҷоза дод, ки хушунат равандҳои демократиро баҳам бизанад.” Аз моҳи март то кунун Бритониё бори саввум аст, ки шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ мешавад. Аз ин пеш як ҳамлаи шабеҳи террористӣ дар рӯзи 22-уми март дар болои пули Вестминстер сурат гирифт ва рӯзи 22-уми май як бомбгузори маргталаб 22 нафарро дар консерте дар шаҳри Манчестер кушт.

XS
SM
MD
LG