Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Амрикоро "барои эҷоди бесуботӣ дар ҷаҳон" танқид кард


Путин дар форуми иқтисодии Петербург

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин сиёсати хориҷии Ийолоти Муттаҳида дар ду даҳсолаи ахирро ҳамчун "сӯистифода аз қудрат", ки назмро дар Ховари Миёна ва саросари ҷаҳон баҳам задааст, шадидан танқид кард.

Путин дар ҷараёни суолу ҷавоб дар Форуми Байналмилалии Иқтисодии Петербург, ки хабарнигори амрикоӣ Мегин Келлӣ онро муҷригӣ мекард, Амрикоро ба дахолати дағалона ва пайваста дар умури Русия ва ташвиқи, ба гуфтаи ӯ, табаддулоти давлатӣ дар Украина муттаҳам кард. Манзури Путин намоишҳои эътирозӣ ба ҷонибдории Аврупо буд, ки президенти русиягаро дар Украинаро аз мақом барканор кард.

Ӯ ҳамчунин НАТО-ро ба унвони сирф як абзори сиёсати хориҷии ИМА рад кард ва гуфт, ки Маскав ба талошҳои наздик овардани зерсохтҳои низомии НАТО ба марзҳои Русия посух хоҳад дод.

Путин дар робита ба тамосҳои сафири кишвараш Сергей Кисляк бо тими даври гузариши президент Трамп вуҷуди ҳамагуна хилофкориро рад кард. Ӯ гуфт, дар бораи сӯҳбатҳои Кисляк бо намояндагони Трамп ягон маълумот надорад ва афзӯд, ки ин вазифаи сафир аст, ки бо одамон мулоқот ва равобитро беҳтар кунад.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин иттиҳомҳоро дар бораи дахолати Русия ба умури интихоботи Амрико рад кард ва онро "талоши ҳал кардани низоҳои сиёсии дохили ИМА дар саҳнаи байналмилалӣ номид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG