Дар минтақаи низои шарқи Украина сар аз 1 июн оташбаси навбатӣ ба иҷро даромад. Ин оташбас як шабонарӯз идома мекунад. Ахиран нерӯҳои украинӣ дастур гирифтанд, ки ҳеч кадом навъи силоҳро истифода набаранд.
Бо ин вуҷуд, дар сурати сар задани хатар аз сӯи ҷудоихоҳоне, ки пуштибонии Русияро дарёфт мекунанд, истифодаи силоҳ иҷозат аст, хабар медиҳад ситоди амалиёти Украина.
Эълони оташбасро бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ҳар ду ҷониби даргир ва Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии риояи низоми оташбас пешниҳод карданд. Ҷудоихоҳони Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск дар бораи созиши "оташбаси бемуҳлат" хабар медиҳанд.
Субҳи рӯзи панҷшанбе ҷонибҳои даргир хабар доданд, ки оташбаси эълоншуда дар маҷмуъ риоя мегардад. Бино бар иттилои нерӯҳои украин, сар аз нисфишабӣ ҷудоихоҳон ду маротиба оташ кушоданд. Аз ҷониби Донетск ҳам аз ду оташкушоӣ хабар медиҳанд.
Сар аз феврали соли 2014 - замони оғози низоъ дар Донбасс - қариб 10 ҳазор одам кушта, наздики 23 ҳазори дигар маҷруҳ шудааст.