Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ровии CNN барои видеои сари "бурида"-и Трамп аз кор маҳрум шуд


Кэти Гриффин
Кэти Гриффин

Ровии маъруфи барномаҳои ҳаҷвӣ дар Амрико Кэти Гриффин барои нашри як видео бо расми сари буридаи президенти ИМА Доналд Трамп қарордоди ҳамкорияшро бо телевизиони CNN аз даст дод.

Телевизиони CNN 31 май, баъди он ки Гриффин видеоро нашр кард, онро "нафратовар ва тавҳиномез", номида, эълом кард, ки имсол ровиро дар арафаи Соли нав ба гулгашти Таймси шаҳри Ню-Йорк даъват нахоҳад кард. Гриффин аз соли 2007 ба ин сӯ, ҳамасола бо ровӣ Андерсон Купер аз онҷо барномаи махсуси фароғатиеро пеш мебурд.

Трамп субҳи чаҳоршанбе дар вокуниш ба видеои Гриффин дар Твиттер навишт, ки "ӯ барои таҳияи ин гуна мавод бояд "шарм" бидорад". Бонуи рақами яки Амрико Мелания Трамп низ шахсан изҳорот дод, ки "ин акс барои модару ҳамсар ва инсон нигаронкунанда аст. Вақте ба ваҳшониятҳои ҷаҳони имрӯз, аксҳои ба ин монанд назар мекунед, шуморо водор месозад, то дар бораи саломатии равонии нафаре, ки онро сохтааст, фикр кунед".

Гриффин, ки бо ҳаҷвҳои таҳрикомезаш машҳур аст, рӯзи сешанбе узр пурсида, иқрор кард, ки видеои кутоҳи ӯ дар бораи сарфармондеҳи олии кишвараш "аз ҳад зиёд хатарнок" баромада, хандаовар ҳам нест. Ӯ қаблан ин видеоро "изҳороти ҳунармандонаи мазҳакавӣ" номида буд.

XS
SM
MD
LG