Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 16 дархости Навалний ба шикояти Усмоновро рад кард. 2 ВИДЕО


Султони сарват Алишер Усмонов ва раҳбари Бунёди зидди фасод Алесей Навалний
Султони сарват Алишер Усмонов ва раҳбари Бунёди зидди фасод Алесей Навалний

Додгоҳи ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи 30-юми май тамоми 16 дархости вакилони дифои раҳбари Бунёди мубориза бо фасод Алексей Навалний, алайҳи миллиардер Алишер Усмоновро рад кард.

Вакилон аз ҷумла аз додрас хостанд, ки сарвазир ва муовини сарвазири Русия -- Дмитрий Медведев ва Игор Шувалов ба додгоҳ даъват шаванд.

Усмонов баъд аз нашри филми Бунёди мубориза бо фасод дар бораи дороиҳои сарвазир Медведев ба додгоҳ шикоят бурд. Дар филм гуфта мешавад, ки Усмонов ба ҳамсабақи сарвазири Русия хонаеро дар "Рублёвское шоссе" ҳамчун пора тақдим кардааст.

Усмонов талаб дорад, ки Навалний бо нашри як раддия бигӯяд, ин иттилоъ ва ҳамчунин маълумот дар бораи порагирии Шувалов ва вуҷуд доштани сензура дар нашриёти "Коммерсант" ҳақиқат надоранд.

Ҷонибҳо дар мурофиаи аввал гуфтанд, ки сулҳ нахоҳанд кард.

Усмонов талаб кард, ки филми "Он вам не Димон" ҳазв шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Алишер Усмонов рӯзи 24-уми май муроҷиати дувуми видеоии худро дар шабакаи иҷтимоии "Вконтакте" нашр кард. Дар ин навор ӯ Навалнийро ба қаҳрамони нависанда Михаил Булгаков - Полиграф Шариков аз китоби "Қалби сагона" баробар кард. Шариков "ваъда медод, ки ҳама чизро соҳиб шуда, бо дигарон тақсим мекунад". Миллиардер сухани худро бо ибораи "Бори дигар туф ба рӯи ту" хотима бахшид.

XS
SM
MD
LG