Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Прага ба истирдоди ҳакери рус иҷозат дод


Пулиси Ҷумҳурии Чех рахнагари эҳтимолӣ аз Русияро боздошт кард

Додгоҳе дар Ҷумҳурии Чех рӯзи 30 май қарор кард, ки гумонбари рахнагарӣ дар компютерҳои як идда ширкатҳои амрикоӣ, Евгений Никулин метавонад, ба Амрико ё Русия истирдод шавад. Вакили Никулин алайҳи қарори истирдоди ӯ ба ИМА эътироз кард. Барои эътироз алайҳи истирдоди Никулин ба Русия вакилҳо се рӯз вақт доранд.

Мақомоти Чехия Евгений Никулинро бо дархости Иёлоти Муттаҳида боздошт карданд ва акнун тасмим гирифтанд, ки ӯро истирдод кунанд.

Русия низ аз Ҷумҳурии Чех истирдоди Никулинро дархост кардааст. Ин мард моҳи октябри соли гузашта дар Прага боздошт шуд.

Мурофиаи ӯ дар зиндони Панкратс баргузор шуд ва ин шеваи баррасӣ, ки барои Ҷумҳурии Чех ғайримаъмулӣ аст, ҳассосияти қазияро нишон медиҳад.

Евгений Никулин ба рахнагарӣ ва дуздидани маълумот аз компютерҳои Linkedin, Dropbox ва ширкатҳои дигар муттаҳам мешавад. Вакили ӯ мегӯяд, ки Идораи федеролии таҳқиқоти Амрико - FBI мехоҳад, Никулин рахнагарӣ дар компютерҳои Ҳизби демократи Амрико, қабл аз интихоботи президентии соли 2016-ро эътироф кунад.

Русия низ истирдоди ӯро дар заминаи иттиҳоми сирқат дар интернет дархост карда буданд. Мақомоти Русия қаблан гуфта буданд, ки аз истирдоди Никулин ба Иёлоти Муттаҳида ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG