Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон гуфт, RT абзори таъсиргузорӣ ба интихобот буд


Эммануэл Макрон ва Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар Париж.
Эммануэл Макрон ва Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар Париж.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки дар ҷараёни корзори интихоботӣ телевизиони RT ва хабаргузории Спутники Русия “василаҳо барои нуфуз ва тарғибот” ба зидди ӯ будаанд.

Эммануел Макрон дар ин бора рӯзи 29-уми май пас аз мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар наздикии шаҳри Порис, пойтахти Фаронса сӯҳбат кард. Айни замон Владимир Путин гуфтааст, ки ҳадафи мулоқоти ӯ бо бо Марин Ле Пен, рақиби Макрон дар интихобот таъсир гузоштан ба интихоботи Фаронса набудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Марин Ле Пен хостори мулоқот шуд ва “мо рад накардем, чун ӯ ҳамеша тарафдори ҳамкорӣ бо кишвари мо будааст.” Ба қавли ӯ ҳадаф аз мулоқот таъсир гузоштан ба интихоботи Фаронса, ки чанде пеш баргузор шуд, набуд. Марин Ле Пен, як сиёсатмадори миллатгарои ифротӣ дар интихоботи аввали ҳамин моҳ аз Эммануэл Макрон шикаст хӯрд.

Мулоқоти Владимир Путин ва Эммануэл Макрон ду 2 соату 45 дақиқа идома кардааст ва дар он ҳамкориҳои дуҷониба, муноқиша дар Сурия ва Украина, вазъ дар Либия ва нимҷазираи Куриё ва ҳам муносибатҳои Русия бо Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG