Дар Тоҷикистон бо ҷалби кормандони пулис, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ даври имсолаи амалиёти “Нелегал-2017” шурӯъ шуд. Ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон аз ҳадафи аслии ин амалиёт гуфта мешавад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29 май ба Радиои Озодӣ гуфт, даври аввали амалиёт як ҳафта - то 2 июн давом мекунад ва даври дуввум дар доираи васеътар, баъдан оғоз хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, амалиёт мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), дар ду марҳила гузаронида мешавад. "Зимни баргузории чорабиниҳои муштарак тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншооти корӣ, фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан мавриди санҷиш қарор дода шуда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозатнома барои кор ва шиносномаҳои бе эътибор будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.
Соли 2016 дар пайи бахши аввали ин амалиёт мақомот гуфтанд, ки аз беш аз 15 ҳазор хориҷӣ, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, 285 нафарашон қоидаи будубош дар Тоҷикистонро вайрон карда, 50 тани онҳо аз кишвар ихроҷ шуданд.