Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки ба домодаш "боварии комил" дорад


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо домодаш Ҷаред Кушнер
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо домодаш Ҷаред Кушнер

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, сарфи назар аз хабарҳо дар бораи мулоқоти домодаш бо сафири Русия дар Амрико, қабл аз оғози фаъолияти расмии президент, ба Ҷаред Кушнер, ки ҳамзамон ҳамчун мушовири ӯ ифои вазифа мекунад "боварии комил" дорад.

Дар изҳорот, ки нашрияи New York Times рӯзи 28 май аз он иқтибос овард, Трамп гуфтааст, ки "Кушнер барои кишвари мо корҳои бузургро анҷом медиҳад". Ӯ гуфтааст, барномаҳое, ки Кушнер ба татбиқи онҳо машғул аст, миллиардҳо доллар сарфа мекунанд. Трамп дар пайғоми твиттериаш бори дигар Васоити ахбори оммаро ба нашри "достонҳои дуруғин" ва таровиши хабарҳои маҳрамона аз Кохи Сафед муттаҳам кард.

Ҷанҷоли мулоқоти Кушнер бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк, ки моҳи декабр ҷараён гирифт, авоили ҳафтаи гузашта сар зад. Ба навиштаи The Washington Post, домоди раиси ҷумҳур бо Кисляк таъсиси роҳҳои пинҳонии робита дар байни тими даври гузариши Трамп бо Кремлинро баррасӣ кардааст.

Демократҳо дар Конгресс талаб доранд, Кушнер дар ҳузури кумитаҳои Сенат ва Палатаи намояндагон гузориш диҳад, ки робитаи эҳтимолии маъракаи Трампро бо Русия бозҷӯӣ мекунанд. Домоди президент ҳам барои мулоқот бо Кисляк ва ҳам барои мавзӯе, ки қабл аз шурӯъи фаъолияти расмии Трамп ба ҳайси президент бо сафири Русия баҳс кардааст, мавриди танқид аст. Аммо Ҷон Келлӣ, раҳбари вазорати бехатарии дохилии Амрико гуфтааст, ки ҳамагуна канали иловагӣ барои робита бо Русия "идеяи хуб аст".

XS
SM
MD
LG