Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон 34 бозии компютериро манъ кард


Оҷонсии моликияти зеҳнии Узбакистон феҳристи бозиҳои компютериеро нашр кард, ки воридот, таҳия ва паҳни онҳо дар ин кишвар манъ карда шудааст. Ин номгӯро комиссияи махсуси коршиносон тартиб додаанд, ки номи 34 бозӣ, аз ҷумла Postal 2, Phantasmagoria, Grand Theft Auto, San Andreas, Carmageddon, Mass effect, Dead space, Naughty bear, Mafia II, Call of duty: Black ops, Kane and Leanch 2: Dog days, Castlevania: Lords of Shadow, Dead Rising, Manhunt, Mortal Kombat X, Dead by Daylight, Bone Town ва Shadow Warrior-ро дар бар мегирад.

Ин тасмим бар асоси Низомномаи тавлид, иҷро, кирояи асарҳои аудиоию видеоӣ, фонограммаву барномаҳои компютерӣ ва шартнома бо парвонадорон дар Узбакистон гирифта шудааст. Банди 3-и шартнома тавлид, иҷро ва кирояи барномаҳои компютериеро манъ мекунад, ки барои таблиғи зӯроварӣ, халалдор кардани амнияту суботи сиёсию иҷтимоии кишвар, оромии шаҳрвандон ва осудагии миллию мазҳабӣ, паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи Узбакистон ва таҳрифи арзишҳои таърихӣ, фарҳангию маънавии он метавонанд истифода шаванд.

XS
SM
MD
LG