Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон кумитаи мустақили зиддифасод ташкил мекунад


Туркманистон тасмим гирифтааст, ки як кумитаи махсуси мубориза бо фасод ташкил кунад. Кумитаи мазкур аз сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вобаста нахоҳад буд. Бино бар иттилои мақомоти он кишвар, ниҳоди нави мубориза бо фасод дорои салоҳиятҳои васеъ хоҳад шуд, ки эҳтимол дорад, баъди таъсиси он шумори боздоштҳо дар робита ба порахӯрӣ афзоиш ёбад.

"Миёни кормандони ниҳодҳои қудратӣ баҳси ин ки роҳбари кумитаи мубориза бо фасод кӣ таъйин мешавад ва ҳам ҳаҷми пора барои дарёфти ин мақом, гарм аст", - мегӯяд манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ёдрас мешавем, 12 май президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба котиби Шӯрои амнияти давлат ва раиси порлумон дастур дод, ки барномаи махсуси мубориза бо фасод ва порахӯрӣ таҳия кунанд. Расонаҳои Туркманистон менависанд, порлумон масъулияти таҳияи барномаи мубориза бо фасодро дар ин кишвар ба зимма гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG