Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон дар рӯзи нахустини Рамазон 12 кушта боқӣ гузошт


Дар пайи таркиши як мошин дар шаҳри Хусти Афғонистон 12 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 27-уми май, дар рӯзи нахустини моҳи Рамазони имсола, рух дод.

Файзулло Ғайрат, раиси пулиси ин минтақаи шарқии Афғонистон, гуфт, ҳашт тани дигар ҷароҳат бардошта, вазъашон вахим аст. Ду нафари онҳо кӯдак будаанд.

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфт, ки дар ин ҳамла 13 нафар ҷон бохтаанд. Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ин ҳамларо маҳкум кард.

Масъулияти ҳамларо Толибон бар уҳда гирифтанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки аз ӯ сухангӯи Толибон ном бурда мешавад, гуфтааст, ин ҳамла аз сӯи Ҳофиз Идриси Хустӣ анҷом шуда, ба иддаои ӯ, дар натиҷа 22 нафар кушта шуданд.

Ин ҳодиса як рӯз баъд аз он рух дод, ки дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти Қандаҳор 15 сарбози афғон ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG