Расонаҳо гузориш доданд, ки Ҷаред Кушнер – домоди Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико баъди интихоботи соли гузашта дар мулоқот бо сафири Русия эҷоди як шабакаи махфии иртибот ё тамос миёни тими Трамп ва Кремлинро пешниҳод карда буд.
Рӯзномаи “Вашингтон Пост” рӯзи 26-уми май бо такя ба қавли баъзе мақомҳои расмии Амрико гуфт, Сергей Кисляк ба мақомоти Маскав гуфтааст, Кушнер дар ҷараёни суҳбат дар 1 ё 2 моҳи декабри соли гузашта дар "Бурҷи Трамп" дар Ню-Йорк ин пешниҳодро дар миён гузоштааст.
Кушнер ҳамсари Иванка, духтари Доналд Трамп ва мушовири аршади Қасри Сафед аст.
Бар асоси гузориши “Вашингтон Пост”, Ҷаред Кушнер пешниҳод кардааст, аз имконоти дипломатии Русия дар Иёлоти Муттаҳида ба хотири иртибот низ истифода шавад.
Гуфта шудааст, дар ин мулоқот Майкл Флинн низ ҳузур дошт. Флин, ки мушовири амнияти миллии маъмурияти Трамп буд, ҳоло аз вазифааш барканор шудааст.
Хабаргузори "Ройтерз" низ гузориш додааст, ки Ҷаред Кушнер, Сергей Кисляк ва Майкл Флин дар мавриди эҷоди шабакаи иртибот миёни Доналд Трамп ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, баҳс карда буданд.
Пеш аз ин хабар, расонаҳо рӯзи 25-уми май навиштанд, домоди президенти Амрико Ҷаред Кушнер зери заррабини FBI – Идораи федеролии таҳқиқоти Амрико қарор дорад, ки айни замон робитаи ёвари Трампро бо Русия месанҷад.