Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони G7 барои мубориза бо терроризм тавофуқ карданд


Раҳбарони G7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон мегӯянд, ки бар сари мубориза бо терроризм тавофуқ карда ва ихтилофоташонро дар бораи тиҷорат коҳиш доданд, аммо дар бораи тағйири иқлим натавонистанд бо раиси ҷумҳури Амрико ба "созиш" бирасанд.

Дар эъломияи муштарак, ки пас аз ҷаласаи рӯзи 26-уми май дар Итолиё нашр шуд, аз фароҳамкунандаҳои интернет ва масъулони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста шудааст, то алайҳи матолиби ифротгароёна иқдом кунанд.

Гуруҳи G7 аз Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Ҷопон иборат аст. Намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо низ дар ҷаласаи G7 ҳузур доранд.

Дар эъломияи нашршуда пас аз нишасти сарони G7 ҳамчунон омадааст, ки онҳо мувофиқат кардаанд, то дар таъқибу боздоштии ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия ҳамкорӣ кунанд.

Онҳо ба хотири ҳамлаи интиҳории панҷ рӯзи пеш дар шаҳри Манчестери Бритониё бо ҳукумати ин кишвар изҳори ҳамдардӣ намуданд. Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт, 22 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG