Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи маргбори Миср қибтиҳои масеҳӣ кушта шуданд


Мақомоти Миср гуфтанд, ки дар ҳамла ба қибтиҳои масеҳии Миср 23 нафар кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории Ройтерз бо такя ба волии минтақаи Минёи Миср Исом ал-Бадавӣ гуфт, ки гурӯҳи мардони мусаллаҳ ба масеҳиён замоне ҳамла карданд, ки савори автобус ба сӯи як парастишгоҳе дар канори Қоҳира ҳаракат мекарданд.

Ин ҳодиса рӯзи 26 май рух дод. Хабаргузории dpa бо такя ба вазорати беҳдошти Миср айни ҳамин иттилоро пахш кард. Дар моҳҳои декабру апрели гузашта маргталабони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба қибтиҳои масеҳӣ ҳамлаҳо анҷом дода даҳҳо нафарро куштаанд. Ин ҳамлаҳо бештар ибодатгоҳу калисоҳои қибтиҳоро ҳадаф қарор додааст.

Дар гузашта ДИИШ таҳдид кардааст, ки шумори бештари қибтиҳои масеҳиро ҳадаф қарор медиҳад. Ин гурӯҳи мазҳабӣ 10 дарсади ҷомеаи 92-миллоннафараи Мисрро ташкил медиҳад ва аз серҷамъияттарин қавми масеҳӣ дар ин кишвари ғолибан мусалмоннишин ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG