Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори пойтахти Молдова бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Шаҳрдори Кишинёв Дорин Киртоакэ

Дорин Киртоакэ, шаҳрдори Кишинев, пойтахти Молдова шаби панҷшанбе бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Тавре хабаргузории "Интерфакс" менависад, Киртоакэ ҳамзамон дар сӯистифода аз мақоми хизматӣ айбдор мешавад.

Пеш аз боздошт дар утоқи кории раиси шаҳр чанд соат кофтукоб сурат гирифт. Дар ин байн мухолифону ҷонибдорони раис назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ омаданд. Ҷонибдорон нидои "Озодӣ ба шаҳрдор!" сар медоданд ва мухолифон "Ба зиндон!"-ро талаб мекарданд. Дар ҳамин ҳол, худи Киртоакэ аз изҳори назар худдорӣ кард.

То ин замон ду ноиб-шаҳрдори Кишинев, роҳбари хадамоти нақлиётии шаҳр ва вазири нақлиёту зерсохтори роҳҳо боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо узви Ҳизби либеролии аврупогаро ҳастанд. Киртоакэ ноиби раиси ин ҳизб аст.

Дорин Киртоакэ аз соли 2007 ба ин сӯ Кишиневро роҳбарӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG