Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гирифторони сурхакон аз 400 нафар гузашт


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, шумораи гирифторони бемории сурхакон дар Тоҷикистон аз 400 нафар ҳам гузаштааст. Бемории сурхакон аввали моҳи май дар ноҳияи Рӯдакӣ шурӯъ шуд ва дар умум ба 31 ноҳияву шаҳр аз ҷумла пойтахт шаҳри Душанбе сироят кард.

Ба гуфтаи мақомот асосан кӯдакони то 9-сола ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва хушбахтона ҳеҷ нафаре бар асари ин бемории сироятӣ ҳалок нашудааст.

Бемории сурхакон зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад ва дар сурати беэътиноӣ ба муолиҷа метавонад сабаби марг бишавад. Баъд аз хуруҷи беморӣ мақомоти Тоҷикистон ба маъракаи ваксинзании тақрибан 2 миллион кӯдаки аз 1 то 9-сола шурӯъ кардаанд. Айни замон ваксин задани кӯдакон дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG