Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ҷангҷӯёнро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд


Марат Бекетаев
Марат Бекетаев

Қазоқистон айбдоршудагони терроризмро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад. Ин тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноии кишвар рӯзи 24-уми май аз тарафи вакилони порлумон қабул шуд. Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетаев гуфт, ҳадафи лоиҳаи мазкур мувофиқ гардондани меъёрҳои қонунгузорӣ бо тағйиру иловаҳоест, ки имсол ба Конститутсияи ин кишвар ворид гаштанд.

Вазорати адлияи Қазоқистон қаблан пешниҳод карда буд, ки барои «зарар расондан ба манфиатҳои кишвар» ҷавобгарии ҷиноӣ таъин шавад. Банди 21-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон низ барои ин навъи ҷурм ҷавобгарии ҷиноиро дар шакли маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ пешбинӣ мекунад.

"Барои 14 навъи ҷиноятҳои сангини террористӣ, ки дар 10 банди Кодекси ҷиноии Қазоқистон зикр шудаанд, ҷазои алтернативӣ дар шакли маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои ташкил, раҳбарӣ ва иштирок дар фаъолияти гуруҳи даҳшатафкан", - изҳор дошт Бекетаев.

Ба гуфтаи ӯ, ба гуруҳи ҷиноятҳое, ки ба манфиатҳои миллӣ ва ҳаётан муҳими давлатӣ осеби сахт мерасонанд, 16 навъи ҷурм шомил мешаванд ва ҳамаи онҳо дар банди 11-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон дарҷ шудаанд.

XS
SM
MD
LG