Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Эрон даъват кард, ки "террористҳоро сармоягузорӣ накунад"


Доналд Трамп дар мулоқот бо президенти Исроил Реувен Ривлин
Доналд Трамп дар мулоқот бо президенти Исроил Реувен Ривлин

Раиси ҷуҳмури Амрико Доналд Трамп аз Эрон хост, "террористҳоро сармоягузорӣ накунад". Ин изҳоротро Трамп рӯзи 22 май, дар ҷараёни мулоқот бо президенти Исроил Реувен Ривлин дар Байтулмуқаддас пахш кард.

Ба гуфтаи Трамп Амрико ва Исроил "ҳарду бо як овоз" мегӯянд, ба Эрон набояд иҷозат дод, ки ба коркарди силоҳи ҳастаӣ машғул шавад. Ӯ гуфт, ки Теҳрон "террористҳо" ва гурӯҳҳои шибҳанизомиро тамрин медиҳад ва мусаллаҳ мекунад.

Субҳи рӯзи душанбе мақомоти Эрон, Вашингтонро ба густариши ҳарос аз Эрон ё эронситезӣ муттаҳам карданд. Теҳрон гуфт, ки Амрико махсус фазоро буғранҷ мекунад, то фурӯши силоҳро дар Ховари Миёна бештар кунад.

Рӯзи гузашта Трамп дар Арабистони Саудӣ бо раҳбарони давлатҳои арабӣ мулоқот кард ва бо Риёз ба маблағи беш аз 100 миллиард доллар қарордоди таслиҳотӣ баст. Маблағи умумии қарордодҳои ахир, ки Трамп бо Саудӣ имзо кард, 380 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG