Пайвандҳои дастрасӣ

Подшоҳи Арабистони Саудӣ сафари Трампро бисёр муҳим хонд. ВИДЕО


Риёз. Доналд Трамп бо шоҳ Салмон бин Абдулазиз

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, сафари раиси ҷумҳури Амрикоро ба Риёз бисёр муҳим хонд. Доналд Трамп дар нахустин сафари расмии худ ба унвони президенти Амрико рӯзи 20-уми май ба Арабистони Саудӣ рафт. Салмон бин Абдулазиз дар Твиттер навишт, "сафари Трамп натанҳо ҳамкориҳои стратегии миёни Риёзу Вашингтонро беҳбуд мебахшад, балки сабаби таъмини амнияту суботи ҷаҳонӣ хоҳад шуд". Қарор аст, раиси ҷумҳури Амрико дар як нишасти минтақаӣ дар Риёз суханронӣ кунад. Трамп баъд аз анҷоми сафараш дар Саудӣ ба Исроил, Итолиёву Ватикан ва Брюссел меравад. Маъмурияти Трамп бовар дорад, ки ин сафар барои тақвияти ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо муттафиқони калидиаш, бахусус дар Ховари Миёна, босамар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG