Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп авзо дар доираҳои сиёсии ИМА-ро таъқиби ҳадафмандона номид


Трамп: "Ҳеҷ робитае дар байни маъракаи ман бо Русия ҷой надорад"
Трамп: "Ҳеҷ робитае дар байни маъракаи ман бо Русия ҷой надорад"

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба таъини мушовири вежа барои таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими интихоботии ӯ бо Русия мухолифат кард.

Ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти матуботӣ таъини мушовири вежаро ҳодисаи бенамуна дар таърих ва таъқиби ҳадафмандона номид.

Трамп гуфт, ки ҳеҷ гуна маслиҳати пинҳонӣ бо Русия вуҷуд надорад ва ӯ ҳеҷ гоҳ аз раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комӣ қатъи парвандаи робитаи собиқ мушовири амниятии Кохи Сефед Майкл Флинн бо Русияро дархост накардааст. Трамп Ҷеймс Комиро 9 май аз мақомаш барканор кард.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ӯ итминон дошт, ки ҳарду ҳизб аз истеъфои Комӣ пуштибонӣ мекунанд, зеро ӯ маҳбубияташро аз даст дода буд.

Масъалаи таъини камиссиюни бетараф барои таҳқиқи дахолати Русия дар интихоботи соли 2016, маҳз баъди истеъфои Ҷеймс Комӣ матраҳ шуд, ки масъулияти ҳамин тафтишотро дар FBI бар дӯш дошт.

Рӯзи 17 май Вазорати адлияи ИМА раҳбари собиқи Идораи федеролии таҳқиқот Роберт Мюллерро мушовири вежа дар бозҷӯии робитаи эҳтимолии тими интихоботии Трамп бо Русия таъин кард.

XS
SM
MD
LG