Пайвандҳои дастрасӣ

Путин иштирокаш дар интихоботи соли 2018-ро на тасдиқ кард, на такзиб


Владимир Путин дар нишасти матбуотии "Як камарбанд- як роҳ". 15 майи соли 2017

Владимир Путин, раиси ҷумҳури феълии Русия иштироки худро дар интихоботи президентии соли 2018 расман тасдиқ накард, вале инро такзиб ҳам накард.

Путин рӯзи 15 май ба суоли хабарнигоре дар нишасти матбуотии Пекин, ки оё фурсати эълони расмии иштирок кардан ва ё накардани ӯ дар интихобот фаро расидааст, гуфт: "На."

Путини 64-сола аз соли 1999 зимоми қудрати Русияро ба ҳайси президент ё нахуствазир дар даст дорад.

Интизор меравад, ки ӯ дар интихобот иштирок мекунад ва бо назардошти маъруфияташ дар ҷомеа, тасаллуташ дар саҳнаи сиёсӣ, назорати шадидаш бар матбуот ва аҳроми қудрат пирӯзии ӯро пешгӯӣ кардан душвор нест.

Қонунгузорони Русия, ки бахши умдаи онҳоро дар порлумон намояндагони содиқи Путин аз ҳизби "Русияи воҳид" ташкил медиҳанд, мехоҳанд рӯзи баргузории интихоботро як ҳафта тағйир дода, ба 18 март, ба рӯзе гузаронанд, ки Русия ишғоли Қримро ид мекунад.

Фаъоли зидди фасод ва раҳбари мухолифин Алексей Навалний моҳи декабр эълон кард, ки дар интихобот иштирок мекунад. Аммо эҳтимолан мақомот бар пояи парвандаи "Кировлес", ки Навалний онро таъқиби сиёсӣ унвон кардааст, ӯро аз сабқат маҳрум мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG