Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи маҳбусони "динӣ" дар Узбакистон


Раҳбари созмони "Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Узбакистон" Сурат Икромов 12 май дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, шахсоне, ки бо ангезаҳои динӣ дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд, ҳамоно дар вазъияти баде қарор доранд. Ба иттилои созмон, бародарон Мирзоевҳо, ки бо ҷурми ифротгароӣ дар зиндонҳои Узбакистон нигаҳдорӣ мешаванд, шиканҷа ва бар пояи банди 221 (нофармонӣ ба талаботи қонунии маъмурияти маҳбас)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар бе асос айбдор шудаанд.

Абдукарим Мирзоев моҳи феврали соли 2009 бо айби кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат, ташкил, раҳбарӣ ва иштирок дар созмонҳои мамнуи тундрав ва ҷудоиталаб 8 сол зиндонӣ шуда буд. Моҳи феврали соли равон, як моҳ пеш аз озод шудан, ӯро барои он ки тавре мебоист мӯйи сарашро кутоҳ накард, тибқи банди 221-и Кодекси ҷиноии Узбакистон айбдор ва се соли дигар муҳлати ҷазояшро дароз карданд.

Аҳмадулло Мирзоевро 18 майи соли 2006 ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум карданд. Моҳи декабри соли 2009, чаҳор моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ҷазояш зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз ва 6 соли дигар зиндонӣ шуд. 6 январи соли 2017, ки то анҷоми муҳлати ҷазои дувумаш як моҳ монда буд, ӯро боз бар пояи банди 221(ба тартиб надаровардани ҷойи хоб)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон айбдор карда, 4 солу 7 моҳи дигар аз озодӣ маҳрум карданд.

Абдулвоҳид Мирзоев низ соли 2006 бори дувум 11 сол зиндонӣ шуда буд. Моҳи апрели соли равон муҳлати ҷазои ӯ ба поён расидааст, вале наздиконаш дар бораи маҳалли нигаҳдории ӯ иттилое надоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG