Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ши Ҷинпинг хост, ҳамкориҳо зичтар шаванд


Ши Ҷинпинг
Ши Ҷинпинг

Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин дар як нишаст бо ҳузури раҳбарони 29 кишвари Осиё ва Аврупо хостори ҳамкориҳои наздиктар дар арсаҳои молӣ ва мубориза бо терроризм шуд. Ӯ дар ин бора зимни ифтитоҳи нишасти “Як ҳалқа, як роҳ” сӯҳбат кард, ки ҳадаф аз он барнома тақвияти ҳузури Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва геополитика аст.

Бар асоси ин барнома, ки ҳукумати Чин иҷро мекунад, қарор аст Чин бо харҷи 124 миллиард доллар барои бунёди роҳу, бандарҳо ва минтақаҳои саноатӣ Чин ба Африқову Осиё ва Аврупо наздиктар бипайвандад.

Ши Ҷинпинг, ки аз ҷумла дар ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия ва дипломатҳои ғарбӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки “Бо барномаи Як Ҳалқа, Як Роҳ мо бозии қадимаи байни душманонро рӯкаш намекунем. Мо баръакс шеваи нави ҳамкорӣ ва манфиати дутарафаро меофарем.”

Бо онки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки дар тиҷорату муносибот манофеи кишварашро дар мадди аввал мегузорад, Ши Ҷинпинг аз ҷаҳонишавии иқтисод ҳимоят кард.

XS
SM
MD
LG