Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони тоҷик рақибони қазоқу узбекашонро ғамгин карданд


Мусобиқот дар шаҳри Чирчиқ сурат мегирад.
Мусобиқот дар шаҳри Чирчиқ сурат мегирад.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҷараён дорад, рӯзи 13 май ду медали тилло ба даст оварданд.

Шодмон Ризоев, гуштигири навраси тоҷик, дар вазни зери 50 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Узбакистон ба финал баромад. Шодмон дар қувваозмоии ниҳоӣ Дулай Амонтойро аз Қазоқистон шикаст дода, бо медали тилло сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 66 кило рақобатро аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар гуштигирони Узбакистон ба финал баромад. Ҷамолиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷавхунбек Назарови узбакистониро мағлуб карда, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Худобахши Аброр дар вазни зери 55 кило ва Муҳаммадризо Қувватов дар вазни зери 60 кило - ҷойҳои панҷумро ишғол карданд. Вале 20 гуштигири дигари тоҷик дар рӯзи аввали сабқати наврасон дар чаҳор вазн (50, 55, 60, 66 кило) аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон дар шаҳри Чирчиқ ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – иштирок доранд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа миёни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Дастаи Тоҷикистон бо 2 медали тилло дар ҷойи дувум қарор дорад.

Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гуштигир шомиланд, ки онҳо танҳо дар сабқати писарон ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки паҳлавони маъруф Ҷаҳонгир Маҷидов, ки ду рӯз пеш дар байни навҷавонон дар вазни зери 81 кило ғолиб шуд, инчунин дар сабқати наврасон 14 май ширкат меварзад.

Ба ин тартиб, имрӯз боз 11 варзишгари навраси тоҷик дар вазнҳои зери 73 кг (ҳафт нафар), зери 81 кг (ду нафар) ва зери 90 кг (ду нафар) рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон дар Чирчиқи Узбакистон се медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд. Се медали тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ (73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг) дар байни писарон ва Шоҳида Қаландарова (57 кг) дар миёни духтарон овардаанд. Ёқубҷон Назиров (81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (81 кг) ва Шарифҷон Назриев (90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG