Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XIII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҷараён дорад, ду медали тилло, як нуқра ва се нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни навҷавонону наврасон дар Чирчиқи Узбакистон ҳамагӣ 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Ҷаҳонгир Маҷидов, гуштигири ҷавони тоҷик, рӯзи 12 май дар вазни зери 81 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон, дар даври ниманиҳоӣ бар Урал Сулаймонови узбакистонӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Рақиби Ҷаҳонгир дар қувваозмоии ниҳоӣ ҳамдиёраш Раҳматуллобек Фарҳодов буд. Фарҳодов, ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ намояндагони Узбакистону Қирғизистонро шикаст дод ва ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ вай Отабек Тӯрабоеви узбакистониро мағлуб намуд.
Ба ин тартиб, ҳарду паҳлавони тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов ва Раҳматуллобек Фарҳодов – дар финал бо ҳам рақобат карданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ пирӯзӣ насиби Ҷаҳонгир шуд ва ӯ бо медали тилло сарфароз гашт. Ба Раҳматуллобек медали нуқра супурда шуд.
Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов имрӯз дар вазни зери 100 кило рақобатро аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар гуштигирони Узбакистон ба финал баромад. Темур дар қувваозмоии ниҳоӣ Аловиддин Ҷӯрақулови узбакистониро шикаст дода, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҳоҷимашраб Раҳмонов, ки дар сабқати имрӯза дар вазни зери 90 кило мақоми севумро азони худ кард, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик аз ин пештар ду медали биринҷӣ гирифта буданд. Эраҷ Абдуллоев дар сабқати навҷавонон дар вазни то 73 кило ва Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни то 52 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар сабқати навҷавонон беш аз 150 гуштигир (писарону духтарон) аз даҳ кишвар - Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон - ширкат доштанд. Ба ҳайати мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 26 варзишгар (як нафараш духтар) шомил буданд.
Рӯзҳои 13-14 май дар шаҳри Чирчиқ Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – иштирок мекунанд.
Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гуштигир шомиланд, ки онҳо танҳо дар сабқати писарон ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки паҳлавони маъруф Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар айни ҳол дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар байни наврасон дар вазни 81 кило дар мақоми аввал аст, дар сабқати наврасон низ рақобат хоҳад кард.
Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни навҷавонону наврасон дар Чирчиқи Узбакистон ҳамагӣ 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дар сабқати навҷавонон Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг), Темур Раҳимов (100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (81 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни 48 кило соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Дар сабқати наврасон се медали тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ (73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг) ва Шоҳида Қаландарова дар миёни духтарон дар вазни то 57 кило овардаанд. Ёқубҷон Назиров (81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (81 кг) ва Шарифҷон Назриев (90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтаанд.