Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Узбакистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XIII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзи 11 май дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон шуруъ шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Эраҷ Абдуллоев дар сабқати навҷавонон дар вазни то 73 кило баъди се пирӯзӣ бар Ваид Колесников (Русия), Нурбол Тулеген (Қазоқистон) ва Муҳаммадалӣ Абдухолиқов (Узбакистон) ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Сардор Каримов (Узбакистон) шикаст хӯрд. Баъдан Эраҷ барои ҷойи севум Арслонбек Тоҷиевро аз Узбакистон мағлуб кард. Дар ин вазн Сардор Каримов, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ҳамватанаш Мироншоҳ Султонов дастболо шуд, мақоми аввалро соҳиб гашт.

Рӯзи аввали мусобиқа ба ҷуз Эраҷ Муродов, боз се варзишгари тоҷик ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шуданд. Сомон Аламов (55 кг) ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (66 кг) ҷойҳои панҷум ва Нуроншо Бодомаев мақоми ҳафтумро касб карданд.

Дар сабқати навҷавонон беш аз 150 гуштигир (писарону духтарон) аз даҳ кишвар - Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон - ширкат доранд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 26 варзишгар шомиланд.

Шукрона Қарчиева танҳо варзишгари тоҷик аст, ки дар сабқати духтарон ширкат варзид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 52 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Имрӯз, 12 май, рақобатҳо миёни навҷавонон дар вазнҳои 81, 90, 100 ва аз 100 кило боло баргузор мешаванд. Варзишгарони ҷавону маъруфи тоҷик, ба мисли Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг), Темур Раҳимов (100 кг) ва дигарон вориди рақобат мешаванд.

Рӯзҳои 13-14 май дар шаҳри Чирчиқ Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни наврасон баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тайван, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – иштирок мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гуштигир шомиланд, ки онҳо танҳо дар сабқати писарон ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки паҳлавони маъруф Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар айни ҳол дар феҳристи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар байни наврасон дар вазни 81 кило дар мақоми аввал аст, дар сабқати наврасон низ рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми бози ҷудои Осиё миёни навҷавонону наврасон дар Чирчиқи Узбакистон ҳамагӣ 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дар сабқати навҷавонон Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг), Темур Раҳимов (100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов (73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (81 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни 48 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар сабқати наврасон се медали тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ (73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг) ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило оварданд.

Ёқубҷон Назиров (81 кг) медали нуқра, Улуғбек Раҳимов (81 кг) ва Шарифҷон Назриев (90 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG