Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ духоҳаронро ба кикбоксинг кашонд?ВИДЕО


Фотима ва Зӯҳро Холоваҳо.

Ду хоҳарон аз Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё аз рӯи намудҳои омехтаи муҳорибаҳо тавонистанд соҳиби медали тилло шаванд. Фотима ва Зуҳро Холоваҳо мегӯянд, ки ҳанӯз аз хурдӣ ба муҳорибаҳои омехта, аз ҷумла ба кикбоксинг, ки барои як духтар хатарнок ҳисоб мешавад, машғул мебошанд. Дар умум аз оилаи Холовҳо 4 духтар ба тэквандо ва кикбоксинг машғуланд.

“Набуди писар дар оила моро ба варзиш кашид”

Фотима ва Зуҳро Холоваҳо ҳамагӣ 25 сол доранд ва мегӯянд, аз пайи хоҳарони худ ба варзиш рафтаанд. Ба гуфтаи онҳо, дониста ба ин намуди варзиши хатарнок рӯй овардаанд ва бо вуҷуди борҳо ҷароҳат бардоштан, аз роҳашон пас нагаштанд. Зуҳро Холова, қаҳрамони Осиё оид ба намуди кикбоксинг миёни духтарон буда, нахустин бонуи тоҷик аст, ки дар ин гуна мусобиқа соҳиби медали тилло гаштааст.

Зуҳро Холова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, набуди писар дар хона ва кӯшиши муҳофизат кардани худ, аз омилҳое буд, ки ӯву се хоҳарашро нахуст ба тэквандо ва баъдан ба кикбоксинг кашид. Ба гуфтаи Зӯҳро Холова, модараш табиб буда, таъкидҳои зиёди ӯ барои фоидаовар будани варзиш ба саломатӣ, низ онҳоро ба сӯи тэквандо ва кикбоксинг бурд.

Аммо ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳарчанд дар кикбоксинг хатари ҳар лаҳза маҷрӯҳ шудан зиёд бошад ҳам, аммо ӯву хоҳараш Фотима ин хатарҳоро паси сар кардаанд: “Зиндагии инсон ҳамааш хатарнок аст, аммо бояд ҳама чиро пушти сар кард. Агар мо дар зиндагӣ аз хатарҳо тарсем, ба ҳамон хатарнокӣ бисёр дучор мешавем. Аммо агар хатарро пушти сар кунем, пас муваффақият тезтар ба даст меояд. Фикр мекунам машғул шудан ба варзишҳои хатарнок, ба мо қуввати зиёд медиҳад."

Аз ҷумла Фотима Холова мегӯяд, чанд сол қабл манаҳи ӯ аз зарбаи ҳариф сахт маҷруҳ шуд ва қариб буд, ки ин кор ӯро аз варзиш берун кунад.

Фотима дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “соли 2013 дар Булғористон дар вазни 45 кг баромад мекардам ва онҷо ғолибро аз рӯи хол ҳисоб мекарданд. Барои зарба задан бо ҳарифам баробар тоб хурдем ва дар ин ҳангом зарбаи ӯ аз пой ба манаҳи ман бархӯрд. Аз ин зарба манаҳи ман ҷароҳати вазнин бардошт ва новобаста аз монеагии табибону мураббӣ, ба бозӣ идома додам. Аммо баъдан бо як холи камтар сабқатро бохтам. Баъди баргаштан модарам дигар нахостанд ба тамрин идома диҳам, чун мумкин аст боз зарб гирам. Аммо ман қабул накардам ва ба модарам гуфтам, ки ин варзиш аст ва бояд ба ҳама чиз омода бошем.”

“Менталитети мардум барои қабули варзишгари зан омода нест”

Хоҳарон Холоваҳо аз мушоҳидаҳои худ мегӯянд, солҳои ахир духтарони тоҷик асосан ба футбол ва тэквандо рӯй овардаанд. Ба ҳисоби онҳо танҳо соли 2014 ҳудуди 200 нафар аз духтарон дар намуди тэквандо баромад кардаанд, ки нисбат ба солҳои пештар хеле зиёд аст. Аммо коршиносон мегӯянд, набуди шароитҳои зарурӣ боис шудааст, ки духтарони зиёди тоҷик наметавонанд ба намудҳои варзиши дилхоҳашон машғул шаванд.

Як ҳамсуҳбати мо аз доираи варзишгарон мегӯяд, имрӯз менталитети мардуми мо барои қабули занон ҳамчун варзишгар омода нашудааст. Дар ин самт Тоҷикистон ҳатто аз Эрон, ки Ҷумҳурии исломист ва то ҳадде ба варзиши занон маҳдудият ҷорӣ кардааст, қафо мондааст. Дар ҳоле, ки дар миёни ҷоизадорони бонуфузтарин мусобиҳақои варзишӣ исми тоҷикдухтар ҳам пайдо мешавад. Намунаи барҷастааш – медали биринҷии муштзан Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи соли 2012-и Лондон буд. Вале мутаассифона, варзиши Тоҷикистон ҳанӯз "мавзунаҳо"-и зиёд надорад.

Занон ва варзиш дар Тоҷикистон

Яке аз сабабҳо – дар пойгоҳи заъифи тарбияи варзишгарони зан дар мактабҳои варзишии Тоҷикистон, ки мабағгузорӣ ва мутахассис мехоҳад. Дар тамрингоҳҳо духтарони варзишгарбо писарон якҷоя тамрин мекунанд.

Набуди мураббиёни зарурӣ аз ҳисоби занон низ ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ба аксар волидон иҷоза намедиҳад, ки духтаронашонро бо мураббии мард бовар кунанд.

Коршиносон мегӯянд, шароит барои тамрини духтарон дар шаҳрҳо каме фароҳам оварда шуда бошад, аммо дар манотиқҳо аксар духтарон ҷойи зарурӣ барои тамрин надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG