Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниммарафони Душанберо хориҷиҳо бурданд


Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Украина ва Узбакистон анҷом ёфт.

Дар ин ниммарафони байналмилалӣ, ки барои бори панҷум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) аз Афғонистон, Кения, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина, Эрон ва намояндагони баъзе аз сафоратхонаҳову созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз наздикии Наврӯзгоҳи Душанбе шурӯъ шуда, дар майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) поён ёфт. Аз 200 ширкаткунандаи ниммарафон беш аз 120 нафар ба марра расиданд.

Дар сабқати мардон Роман Романенко (Украина) ғолиб омад. Андрей Петров (Узбакистон) дар ҷойи дувум, Юрий Чечун (Русия) дар ҷойи севум, Андрей Бризгалов (Русия) дар ҷойи чорум, Киберес Кембер Квимой (Кения) дар ҷойи панҷум ва Маина Самуел Вайтака (Кения) дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.
Дар сабқати занон Ситора Ҳамидова (Узбакистон) мақоми аввалро касб кард. Юлия Чиженко (Русия) дувум, Екатерина Фатеева (Русия) севум, Марина Хмелевская (Узбакистан) чорум, Наталя Соловёва (Русия) панҷум ва Мария Коробитская (Қирғизистон) шашум шуданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ғайрат Неъматов, сардовари ниммарафони байналмилалӣ, хабар дод. Вай афзуд, “вале ин дафъа дар байни ҷоизадорони мусобиқа варзишгарони тоҷик ҷойгир шуда натавонистанд. Аз миёни давандаҳои тоҷик ду нафар – Ҳасан Ғаффоров байни мардон ва Дилшода Раҳмонова миёни занон – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳаштумро соҳиб шуданд. “

Бояд гуфт, ки барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд. Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда шуд.
Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро гирифтанд, бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ.

Мукофотҳоро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 19-уми апрел доир шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, супурд. Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Чунончи, аз рӯи натиҷагирии озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе» ба рӯйхати гирандагони стипендия 31 варзишгар, ки соли гузашта дар мусобиқоти байналмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, дохил шуданд.

Ба 14 нафари онҳо, ки намояндагони намудҳои олимпианд, ба монанди Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Шаббос Неъматуллоев, Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, Аминҷон Муродов (ҳама оид ба бокс), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Искандари Рустам, Баҳодур Қодиров (гуштии озод), Хуршед Маҷидов (дзюдо) ва дигарон стипендияи дараҷаи аввал дода мешавад.

Ба 17 нафари дигар, ки намояндагони намудҳои ғайриолимпӣ ҳастанд, стипендияи дараҷаи дувум супурда мешавад. Ба ин зумра варзишгарон Ҷомии Ҳасан, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Зафар Олимшоев (ҳарчор оид ба самбо), Алишер Аҳмадов (кикбоксинг), Саидҷалол Саидов, Парвиз Собиров (гуштии кураш) ва дигарон дохиланд.

Раиси шаҳри Душанбе бо қарори худ cарраёсати молияро вазифадор кардааст, ки барои стипендия аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр 182 400 сомонӣ (38 ҳазор доллар) ҷудо намояд.
XS
SM
MD
LG