Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Покистон дастикам 25 нафарро кушта ба ҷо гузошт


 Таркиши нерӯманд дар Мастунги Покистон даҳҳо нафарро қурбон кард. 12 майи соли 2017
Таркиши нерӯманд дар Мастунги Покистон даҳҳо нафарро қурбон кард. 12 майи соли 2017

Гузоришҳо аз Покистон мегӯянд, ки таркиши бомбаи канори роҳ ба корвони қонунгузорони ин кишвар, ки озими вилояти Балучистон буданд, зарба зад ва дастикам 25 нафарро кушта ба ҷо гузошт.

Ноиби раиси Сенати Покистон Мавлоно Абдул Ғафур Ҳайдарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки таркиши рӯзи 12 май дар ноҳияи Мастунг ба вуқӯъ пайваст.

Шабакаи телевизиони маҳаллӣ тасвири мошини осебдидаро нишон дод.

Сухангӯи ҳукумат Анаварул Ҳақ Какар гуфт, ки инфҷорро бомбаи канори роҳ ба вуҷуд овард ва баъзе намояндагони ҳизби "Ҷамоати Уламои Исломӣ"-ро захмдор кард.

Масъулияти ин ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст.

Балучистони ғанӣ аз захоири табиӣ гирифтори хушунатҳои фирқаӣ, ҳамлаҳои ҷангиёни исломӣ ва шӯришгарони ҷудоиталаб аст, ки аз соли 2004 ба ин тараф ҳазорҳо нафарро қурбон кардааст.

XS
SM
MD
LG