Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии мӯҳтотонаи Кремл аз мулоқоти Трамп ва Лавров


Кремл дар робита бо дурнамои беҳбуди равобит бо ИМА дар пайи мулоқоти ахири президент Доналд Трамп ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров “хушбинии эҳтиёткорона” баён кард. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 11 май гуфт: “Ҳоло кори зиёде дар пеш аст”. Вай гуфт, ки моҳи июл дар Олмон дар нишасти Гурӯҳи кишварҳои бистгона (G20) шонси хубе барои дидору гуфтугӯи рӯбарӯи президентон Доналд Трамп ва Владимир Путин пеш меояд.

Трамп ва Лавров рӯзи 10 май дар Кохи Сафед дидору гуфтугӯ карданд ва ин баландтарин мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои ИМА ва Русия баъди интихоб шудани Доналд Трамп ба мақоми президентӣ шуд. Трамп гуфт, мулоқот “хеле хуб” гузашт ва дар робита бо ҳамкорӣ ба хотири хатми ҷанги Сурия хушбинӣ баён кард.

Бо ин вуҷуд, дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шуд, ки Трамп аз Лавров тақозо кард, ки ҷилави президенти Сурия Башор Асад ва Эронро “боздорад”. Инчунин дар изҳорот гуфта шудааст, ки “Трамп ба масъулияти пурраи Русия дар амри иҷрои созишномаи Минск” таъкид кардааст. Ин созишҳо хатми ҷанг дар шарқи Украина миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Русияро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG